Шаби девона
Дар ин шаби девона Дар валвалаи мактаби девона Тақвову ҷунун бо ҳам, гаҳ наҳйу гаҳе нафйанд Куфр омаду тақво шуд чун силсила дар мазҳаби девона Ҳар дор шуда дору, ҳар дашт чу гулгашт аст Дар хандаи тобу таби девона Зери лаби девона Зинда бош Манро чунин садо макун Дар шаҳри хуфтае тӯфон ба по макун Ин ҷо ба кас магӯ, ки ошиқи як раҳгузар шудӣ Он «рози сар ба мӯҳри» худ ифшо макун Аз ишқи мо лаб во макун Эй шаҳсавор, зинда бош Зебонигори бовиқор, зинда бош Гурдофариди қалби ман, аз дудмони ориён Гесу шалола , эй нигор зинда бош Дар ин мадор зинда бош
| |
Просмотров: 5264 | |