Баҳори панҷара
Вақте ки оҳи панҷара Ҳамчун чакидаи нигоҳи панҷара Аз рақси бод рӯи шишаҳо гулвожа мешавад Оҳиста мерасӣ аз роҳи панҷара Монанди моҳи панҷара Муйи ту муйи панҷара Он тарҳи сояат, абрӯи панҷара Ҳамчун гуле ки бехазон, дар ҳар баҳор ҷовидон Печида аз ту атру буйи панҷара Ҳар сӯ зи куйи панҷара Болида руҳи панҷара Саркӯб мекунад андуҳи панҷара Аз лолахои домани доимбаҳорат, эй азиз Сад ҷом пур шуда дар кӯҳи панҷара Хошо, шукуҳи панҷара
| |
Просмотров: 3135 | |