Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Пятница, 17.05.2024

Шеъри ошиқи
Ман хешро ҳанӯз ба хуби надидаам,
Ҳарчанд то ба кӯи балоғат расидаам.
Ман мастам ончунон зи майи ноби Мавлавӣ,
Себе зи боғи шоири аммо начидаам.
Бар қоғази сапеди суханҳои ман нигар,
Тасвири шеьру шоириямро кашидаам.
Дар пушти пардаҳои сукутофарини шаб,
Таьми лабони талхи ҷудои чашидаам.
Ман бо умеди дидани як субҳи интизор,
Пирохҳани шабони сияҳро даридаам.
Дар пушти кӯҳи фосила мехонадам касе,
Акнун садои даьвати ӯро шунидаам.
Ин батни хома холи шуд аз бас фишурдамаш,
Аммо ба ҷойи хома ман худро чакидаам.
Эй шеьр чун ту ойинаи ҳастии мани,
Ойинавор бош, туро баргузидаам.

Азизам ҳарчи кардӣ ман накардам,
Зади оташ ба ҷонам дард накардам.
Зади оташ миёни дӯсту душман,
Ҷудоиро ту кардӣ ман накардам.

**************************

Вақте, ки Худо тан офарид,
Аз барги гул зан офарид.
Эҳсоси ошиқ шуданро,
Ба хотири мард офарид.

**************************

Ҷавони ин баҳори умри одам,
Ҷавони бигзарад ба шодию ғам,

**************************

Фаромуш кун симоямро,
Ҳама меҳру вафоямро.
Наёри бар забони хеш,
Ки ман ёри ту будам пеш.

**************************

То нима шабҳо эй моҳутобам,
Кунам туро ёд эй ёри ҷонам.

Ду дидaам дар раҳат поянда гаштаст, 
Ду дастам бар дуо бардошта гаштаст. 
 Ду поям бе танам сӯят шитобад, 
Дилам андар фироқат ашк борад.

************************

Хумори хандаат ояд шабу рӯз, 
 Дилам бечоратар гардад рӯз аз рӯз. 
 Дилам хоҳад садои ширини ту, 
Ду чашмам зори рухсори гули ту, 
 Гуло то кай намеои ба пешам, 
Ман аз дурии ту бишкаста гаштам. 
Дило! Ҷоно! биё наздам биё тез! 
Ки ман сабре надорам то хазонрез!

************************

Шабе аз сӯзи дил гуфтам қаламро 
 Биё таҳлил кун дарди диламро 
 Қалам гуфто: Бирав бечора ошиқ 
 Надорам тоқати ин гуна ғамро

Ҳамеша ёди рӯят мекунам ман. 
 Ту гул ҳастиву буят мекунам ман. 
 Агар сад ёри ҷони дошта бошӣ, 
 Фидои тори муят мекунам ман.

**************************

Вақти рафтан ҷои зистан ёди рӯят мекунам 
 Баҳри дидан бори охир орзуят мекунам 
 Гар расад рӯзи қиёмат сар бурун орам зи хок 
 Бар умеди гуфтугӯят ҷустучӯят мекунам

**************************
Ман намегӯям ки маро дӯст дор 
 Ман намегӯям шав ба роҳам интизор 
Аз хиёбон то ба чашми одамон 
 Ман намегӯям қадам бар ман гузор. 
 Номи некӯи ту бас бошад маро 
 Ёди дилҷӯи ту бас бошад маро 
 Зинда бошӣ гоҳ-гоҳ аз дур ҳам 
 Дидани рӯи ту бас бошад маро

Нигоҳат мекунам нигоҳ надорӣ. 
 Ошиқат манам парво надорӣ. 
 Ошиқ ба туӣ бепарво шудам, 
 Дар ишқи ту месузаму хабар надорӣ.

***************************

Овози туро зи сад ҷаҳон мешунавам. 
 Бо гӯшу дилу гӯши ҷон мешунавам. 
 Овози ту гар зи боғи гулҳо ояд, 
Аз байти садои булбулон мешунавам.

**************************

Аз куча гузар ман аз барои ту кунам. 
 Назарро ба чашмони сиёҳи ту кунам. 
Дидам,ки миёни сад кас нишастаи, 
Сад касро салом ман аз барои ту кунам.

*************************

Садои ту садои нозу роз аст, 
 Аҷиб аст, пурнаво аст, ҳамчу соз аст. 
 Даво аст баҳри дардҳо байни шабҳо, 
 Ором аст мисли баргҳо дар саҳарҳо


Хумори манзили кӯи ту дорам. 
 Умеди дидани рӯи ту дорам . 
 Сари андешаам аз рӯи дастат, 
 Хумори рӯи зонуи ту дорам.

***********************

Суруди нотамоми ман туи ту. 
 Ҳаёти бардавоми ман туи ту. 
Ба гардуни хаёлам эй азизам, 
 Ҳамеша моҳи тобонам туи ту.

***********************

Ғам махур ошиқ, ки ғамхорат манам. 
 Ин ҷаҳону он ҷаҳон ёрат манам. 
 Гар надори рӯз ту парвои ман, 
Шаб биё эй ёри шаб ёрат манам

***********************

*****, ҳусни ту саргарми савдои дилам бошад, 
Азоби меҳри ту дар мавҷи дарёи дилам бошад. 
Дигар асло намехоҳам касеро ман ба ғайр аз ту, 
Илоҳо меҳри ту оғозу анҷоми дилам бошад. 

Навои ишқи мо ноҷур монад,
Чароғи бахти мо бенур монад.
Надонистем қадри якдигарро,
Ду дасти мо бурун аз гӯр монад.
****************************
Ба пеши рӯ фақат рӯи ту бинам. 

  Фақат ёди ту ояд бар сари ман. 

  Дарин мулки калон ҳар ҷо,ки боши, 

  Суроғат мекунам эй ******* ман.
****************************
Баҳорамро зимистон карда рафтӣ. 

  Ҳаётамро шабистон карда рафтӣ. 

  Ҳаётам бо ту буд ширину ******* 

  Чаро онро ғамистон карда рафтӣ.
****************************
Намегӯям ту хушрӯи азизам,
Намегӯям ту дилҷӯи азизам.
Фақат ман як сухан дорам,
Туро ман дӯст медорам.
****************************
Тоҷикдухтар,чи гуна чашмон дорӣ, 

Азизи ман биё беморам имшаб 
Ситора дар само мешморам имшаб. 
Ман ки мурдам зи ғам парво надори. 
Туро ман бар Худо меспорам имшаб.

************************

Туро бар сина ҷо кардам ба ҷонам ошно кардам. 
Маро аз худ бадар карди Худо ҳофиз. 
Ало ай раҳнамои дил маро афканда пой бар гил. 
Раҳи худро дигар карди Худо ҳофиз.

**************************

Тарки ёрӣ кардиву ман ҳамчунон ёрам туро. 
Душмани ҷониву аз ҷон дусттар дорам туро. 
Гар ба сад хори ҷафо озурда сози хотирам. 
Хотири нозук ба барги гул наёзорам туро.
*******************************
То ту ба додам мерасӣ, оҳам ба кайвон мерасад, 
 То ту ба қадрам мерасӣ, умрам ба поён мерасад. 
 То ёри роҳам мешавӣ, аз роҳ берун мешавам, 
 То мушкил осон мекунӣ, сад марги осон мерасад. 
 То ёд меорӣ зи ман, бе ёд меафтам зи дард, 

******************************

Пазмони туам, вале ту пазмони дигар. 
Қурбони туам, вале ту қурбони дигар.

Чун ноз кунӣ, ба ҷону дил мақбулам,
Ҷонони манӣ, вале ту аз они дигар.

Бо ёди ту шаб, рӯз ба фармони туам,
Аммо ту чаро барои фармони дигар?

*******************************

Имшаби ман боз бе оғӯши ту,
Андар оғӯши садоқат мурд, мурд.
Ишқи ман ҷовид бимонад, то абад,
Меҳри ту андар хиёнат мурд, мурд.

*****************************

Менависам бар китоби чашми ту.
Бо қаламҳои нигоҳи гарми хеш.
Беҳ зи чонам дусттар дорам туро,
Мефишонам пеши поят қалби реш.

***********************


Дар оғӯшат бисӯзон оташи ман, 
Ба шарте синаат оташ бидорад. 
Магар дар синаат хоҳиши ҷонсӯз, 
Бароям ҳар чӣ хоҳам, он чӣ дорад? 

*****************************


Ҳуруфи ишқро дар дафтари ғам,
Паси ҳам чида-чида зор гирям.
Намояд нақши руйи ёри саркаш,
Қаламро баҳри ҳадя месупорам.

*****************************


Ҳалқа месозад миёнатро ба шавқ гар ёри ту,
Ёд овар, ҳалқаҳои муйи ту дар гарданам.
Гар бубахшӣ накҳате дар бистари ӯ аз висол,
Ёд овар, дар ҷудоиҳо ба фурқат мурданам.

*******************************

Бусаҳои ёр хушкид дар лабонам, бок нест,
Сабз гардад боз рӯзе бусаҳои дигаре.
Зиндагӣ бо созҳояш, сӯзҳое дар бағал,
Аз балое бигзарам, ояд балои дигаре.

**************************

Чашм то барҳам задам, умрам зи сӣ бигзаштааст,
Гарчӣ дидам лаззате як, даҳ азоб омад мудом.
Боз ман навмед не, навмед шайтон асту бас,
Роҳи хуршедам бипоям, рӯзҳо то пайки шом.

*******************************

Синаат болини ман буд, ин ки ин дам бе ман аст,
Инакам, болини ёри дигарат шуд, бок нест.
Боз поён мешавад ин шоми беболиниям,
Ҷуз Худо дар ин ҷаҳон аз тухми Одам тоқ нест.

Эҳсоси ишқи сабз 

Ассалом эй ишқи поки ҷони ман,
Дуруди бепоён бар булбули хушхони ман.
Ман ошиқи танҳо туям эй ҷони ман,
Ошиқи дигар шавам бимирам ҷону ҷонони ман.

************************

Он абрӯву ҷамоле, ки турост,
Он суханони ширине, ки турост.
Чун бингарам бар дигарон наёбам
Ҳеҷ, он зебоие, ки мисли турост.

************************

Он касе, ки ман хоҳам ту боши,
Он касе, ки ман дуст дорам ту боши,
Дар ин дунё ҳар чи хоҳад дили ман,
Он касе, ки хоҳад дили ман ту боши.

************************

Ҳар гаҳ, ки туро бинам дилам гуяд ишқ,
Номат бар забон орам дилам гуяд ишқ.
Ҳар шому саҳар дар фикри туям ман,
Дар куҷое, ки набошам дилам гуяд ишқ.

************************

Ман мехонам барои шумоён эй дӯстон,
Ман мехонам барои шумоён эй ошиқон.
Барои хурсандии шумоён эй Тоҷикон.
Ишқи худро мегӯям бар шумо эй рафиқон.
Ман ошиқаму ошиқ хоҳам буд ҳамеша,
Бо ишқи худ созам, ошиқ шуморо эй азизон.
Гӯш кунед ин ишқрову халоват баред,
Якҷоя бо маҳбубатон даст ба қарсақ баред.

************************

Зиндаги бе ишқ ба ман чи бошад?
Зиндаги бе ҷони ширин чи бошад?
Гар ҳазор сол умр бинам ман,
Зиндаги бе ёри ҷонон чи бошад?

************************

Ман ошиқи туям, ту хабар надори,
Дар ҷустуҷӯи туям, ту хабар надори.
Ҳар шабу ҳар рӯз дар фикри туям ман,
Охир дилдодаи туям, ту хабар надори.

************************

Мардум аз суханони ту ба ханда оянд,
Ошиқон аз нигохи ту ба ханда оянд.
Ҳар кас ки ба чеҳраи хандонат бингарад,
Дар гиря бошанд ҳам ба ханда оянд.

************************

Шеъри ман барои туст эй _____________,
Ишқи ман барои туст эй _____________.
Гар ту дӯст дори маро аз таҳти дил,
Ҷони ман фидои туст эй _____________.

************************

Ҳамчун ту ман дигар ёр надорам,
Ошиқи туяму бар дигар кор надорам.
Туро меҷӯяму ҳамеша фикрам бо туст,
Монанди ту гули зебои бехор надорам.
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 23345 | Рейтинг: 3.0/43